Қочокчиро аз Победа дастгир карданд
Суҳробшоҳ Отаев, сокини ноҳияи Масчоҳро бо иттиҳоми интиқоли маводи мухаддир боздошт кардаанд.
Тибқи иттилои ВКД Отаеви 31-сола зимни амалиёти кормандони милиса дар назди бинои-33-уми кӯчаи ба номи Победаи шаҳри Чкалов дастгир шудааст. Зимни ҷустуҷӯ аз дохили пакети полиэтеление, ки ба ӯ талалуқ доштааст, беш аз 4 кило ҳашиш пайдо кардаанд. Дар нисбат ба ин қазия парванда боз шуда, тафтишот идова дорад. {jathumbnail off}