Зани депортшудаи тоҷик ҳаққи дубораи баргашт ба Русияро дарёфт кард
Мақомоти Русия ба Ҳикоят Раҳматуллоева, шаҳрванди Тоҷикистон бо далели бепарастор мондани се фарзанди ноболиғаш дар шаҳри Самара иҷозаи дубораи ворид шудан ба қаламрави он кишварро медиҳанд.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба «Озодагон» иттилоъ доданд, ин зан қаблан барои вайрон намудани қоидаҳои буду бош аз Русия депорт шуда буд: «Раҳматуллоева 24- уми апрели соли равон барои гирифтани қайди 3 моҳа сарҳади Русияро убур карда ба Қазоқистон меравад. Ҳангоми убур кардан аз тарафи сарҳадбонони рус бозпас гардонда мешавад. Номбурда ба бахши қабул ва маслиҳатдиҳии хадамот муроҷиат намуда, хоҳиш намуд, ки бинобар доштани се фарзанди ноболиғ ва бепарастор мондани онҳо дар қаламрави он кишвар кӯмак намоянд».
Бино ба иттилои манбаъ, Хадамоти муҳоҷират вазъияти ин занро ба назар гирифта, ба Константин Ромадановский, роҳбарияти Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия мактуб ирсол намуда, аз ӯ хоҳиш менамоянд, ба шаҳрванди мо иҷозаи дубора ворид шудан ба қаламрави Русияро диҳанд, ки ин ҳоҳиш аз ҷониби ҷаноби Ромадановский пазируфта мешавад.
Ҳикоят Раҳматуллоева ҳоло дар Тоҷикистон аст ва дар назар аст, рӯзҳои наздик ба Русия назди фарзандонаш баргардад.