Ғолиби Ҷоми ФФТ дар Турсунзода маълум мешавад
Бозии ниҳойии сабқати Ҷоми Федератсияии футболи Тоҷикистон миёни ССКА “Помир”-и Душанбе ва “Хайр”-и Ваҳдат дар варзишгоҳи «Металлург»-и Турсунзода баргузор мешавад.
Бино ба иттилои торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон чунин тасмим дар ҷаласаи Бюрои кумитаи иҷроияи ФФТ гирифта шудааст.
Бозии финалии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон соати 16:30-и 31-уми август оғоз мешавад.
Ғолиби ин сабқат бар иловаи Ҷоми ФФТ 20 ҳазор сомонӣ мегирад.