Аз шаҳрванди Русия беш аз 21 килло маводи мухаддир мусодира карданд
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зимни баргузории як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 21 килову 100 грамм маводи нашъадор кашф карданд.
Аз ВКД ба «Озодагон» иттилоъ доданд, ки ин миқдор маводи мухаддир аз шаҳрванди Русия Ҷовид Раҳимов ёфт шудааст. Раҳимови 21 сола, сокини шаҳри Липеск буда, айни замон дар ягон ҷо кор намекардааст. Зимни кофтукоби шахсӣ аз дохили 1 бастаи селофанпеч , ки ба ӯ таалуқ доштааст, 950 грамм ҳашиш ёфт ва мусодира мегардад. Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии муввақатиаш, воқеъ дар кӯчаи Пахтакор, хонаи 38, боз 22 адад чунин бастаҳоро пайдо мекунанд, ки вазни умумии онҳо 20 килою 150 грамм будааст. {jathumbnail off}