Ҷаъфаров: То 2 сентябр се гузаргоҳ бо Афғонистон баста хоҳанд буд
Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Хадамоти санитарӣ – эпидемиологии Тоҷикистон мегӯяд, то 2 юми сентябри соли равон се гузаргоҳи марзии Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Дарвоз, Хоруғ ва Ишкошим баста хоҳанд буд.
Ҷаъфаров, ки имрӯз, 20-уми август бо “Озодагон” суҳбат мекард, изҳор дошт, ки ин иқдом аз 18-уми август бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва мусоидати мақомоти қудратӣ амалӣ шуда, мақсади он ҷилавгирӣ аз интиқоли беморӣ ба Тоҷикистон аст.
Ин масъули беҳдошти Тоҷикистон гуфт, “тибқи иттилои мо дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон бо вилояти Бадахшон бемории вабо хуруҷ кардааст ва айни замон вазъ дар Афғонистон ташвишовар мебошад. То ҳол зиёда аз 1700 нафар сокинони ҳамсоякишвар гирифтори ин беморӣ шудаанд.”
Ҷаъфаров афзуд, минтақае, ки дар он хуруҷи вабо сабт шудааст, аз сарҳади Тоҷикистон 150 киллометр дуртар мебошад ва хушбахтона то ҳол ин беморӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Мақомот мегӯянд, то хуб шудани вазъият гузаргоҳҳои марзӣ баста хоҳанд монд.