Забту мусодираи 250 кило маводи мухаддир дар шаш моҳ
Дар ноҳияи Шӯрообод дар нимсолаи аввали соли 2011-ум аз ҷониби кормандони кумитаи амният дар якчоягӣ бо сарҳадбонони қисми ҳарбии мустақар дар ин ноҳия, 250-килограмм маводи мухаддир кашф ва мусодира шудааст.
Ба қавли Аскаршоҳ Наврўзов, сардори шӯъбаи амнияти ноҳия, аснои забту мусодираи маводи нашъадор аз ҷониби сарҳадбонони тоҷик 3-тан аз қочоқбарони афғон ба ҳалокат расида, 1-тани дигар маҷрўҳ гаштааст.
Бино ба иттилоъ, миёни сарҳадшиканон, ки ҳамагӣ шаҳрвандони ҷумҳурии Афғонистон будаанд, 2-тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ будааст. Дар ҳамин ҳол, кормандони милисаи ноҳия ҳам дар 6-моҳи имсол аз сокинони маҳаллӣ ба миқдори 17-килову 633-грамм маводи нашъадор, аз ҷумла 3-кило маводи сахттаъсири ҳероин ошкор ва мусодира кардаанд.
Гуфта мешавад, соле пештар, дар ҳамин давра кормандони милиса ба миқдори 43-килогром маводи нашъадорро ёфт ва мусодира карда буданд. Бино ба иттилои Ғиёсиддин Умаров, прокурори ноҳия, дар 2-ҳолати ҷинояти мазкур нисбат ба 5-тан аз қочоқчиён парвандаи ҷиноятӣ оғоз гаштаву ба суд ирсол гаштааст.{jathumbnail off}