Масоили марбут ба муҳоҷират ва ҳуқуқи онҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад
Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми июли соли равон дар Душанбе ҳамоишеро дар мавзӯъи «Ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ» баргузор мекунад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» Маҳбуба Абдуллоева, масъули дафтари душанбегии ин созмон иттилоъ дод, конфронси мазкур дар чорчӯби муколамаи ИА ва ҳукумати Тоҷикистон оиди ҳуқуқи инсон дар меҳмонхонаи мавсум ба «Ҳайят Реҷенсӣ» сурат мепазирад. Гуфтанист, он намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти давлатӣ ва ташкилоти байналмилалӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият мебаранд, бо мақсади муҳокимаи масоили мавҷуди муҳоҷирати меҳнатӣ гирдиҳам меоянд.
Бино ба қавли манбаъ, ба ин ҳамойиш, инчунин коршиносони сатҳи байналмилалӣ оид ба масоили муҳоҷират, намояндагони ташкилоти байналхалқӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва масъулини ВАО даъват шудаанд.Интизор меравад, дар поёни семинар назару пешниҳоди мутахассисон дар шакли хаттӣ ба ҳукумати кишвар барои баррасӣ ва истифодаи баъдӣ ирсол гардад. {jathumbnail off}