Баҳси қазияи Умаралӣ Қувватов дар Лондон
Имрӯз, 27-уми август дар дафтари дидбони ҳуқуқи башар, «Human Rights Watch» дар Лондон қазияи истирдоди Умаралӣ Қувватов, роҳбари созмони мухолифи “Гуруҳи 24” баррасӣ мешавад.
Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия ва яке ҷонибдорони Қувватов дар сафҳаи фейсбукияш хабар медиҳад, рӯзи 26-уми август бо Сара Рошер намояндаи “Human Rights Watch” дар Лондон дар хусуси истирдоди Умаралӣ Қувватов ба Тоҷикистон суҳбат доштааст.
Иззат Амон инчунин афзудааст, ки Сара Рошер таъйид намудааст, ки дар хусуси Қувватов нома дарёфт кардаанд ва думболи ҳалли қазия ҳастем. Имрӯз дар назар аст, ки ин масъала дар дафтари “Human Rights Watch” дар мулоқоти Изат Амон бо Сара баррасӣ шавад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯзи пеш Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мухолифи “Гуруҳи 24” бо пахши як садо дар интернет аз нақзи ҳуқуқҳояш дар боздоштгоҳи Дубай ва гуруснанишинияш хабар дод. Қувватов дар ин навор, ки шоми 25-уми август пахш шуд, изҳор медорад, ки айни ҳол дар Дубай қарор дорад ва аз он, ки гӯиё додгоҳи таҷдиди назар ҳукми истирдодашро баровардааст, расман ба ӯ касе хабар надодааст.
Николай Николайев, вакили мудофеи Қувватов, ки ин сабти аудиоиро пахш намуд, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, то ҳол дар мавриди истирдоди Қувватов ба Душанбе ҳукми расмие мавҷуд нест.
Ин дар ҳолест, ки Анвар Қувватов, бародари Умаралӣ, қаблан иттилоъ дод, ки додгоҳи таҷдиди назари Дубай, ҳанӯз моҳи июл, бе ҳузури худи Умаралӣ қарори истирдодашро ба Душанбе бароварда буд.
Дар зимн як гуруҳ рӯшанфикрони тоҷик, 22-юми август, бо пахши як муроҷиатнома аз мухолифин ва фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон хостанд, ки алайҳи истирдоди Қувватов ба Душанбе садо баланд кунанд, чун муътақиданд, ки ӯро дар Ватан шиканҷа ва дигар бадрафторӣ интизор аст.
Маврид ба зикр аст, ки тобистони соли гузашта дар Маскав аз ҷониби соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов “Гурӯҳи 24” ташкил шуд ва бо даъвати ӯ аз Эмомалӣ Раҳмон ба нагузоштани номзадиаш дар интихоботи соли 2013 дар забони матбуот афтод. Умаралӣ Қувватов, шарики собиқи тиҷории яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки то фирораш ба Маскав дар як соли пеш раҳбарии ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз”- аз ширкатҳои асосӣ дар бозори фурӯши маводи сӯхти Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.
Баъди таъсиси “Гурӯҳи 24” Қувватовро шарикони собиқаш ба сирқати 6 миллион сомонӣ аз ширкати “Фароз” айбдор карданд. Моҳи декабри соли 2012 ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Додгоҳи Дубай дар моҳи апрел ҳукми бозпас фиристодани ӯ ба Душанберо содир кард. Вале Умаралӣ Қувватов аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурдааст. Дар мавриди қарори додгоҳи таҷдиди назар, ки 18-уми август дар назар буд, айни ҳол иттилои зиддунақиз дода мешаванд, аммо худи Қувватов онро рад мекунад.