“Арсенал” ба даври гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳо рафт
Клуби футболи “Арсенал” дар доираи бозии ҷавобии даври плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳо бошгоҳи «Фенербахче»-и Туркияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.
Дар бозиҳои дигари ин сабқат, ки рӯзи сешанбе сурат гирифт, «Шалке»-и Олмон ПАОК-и Юнонро бо ҳисоби 3:2 мағлуб намуда, «Лудогоретс»-и Булғористон аз «Базелю»-и Швейсария бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.
Ҳамин тариқ «Арсенал», «Базел», «Шалке», ҳамчунин «Аустрия» (Австрия) ва «Стяуа» (Румения) ба даври гуруҳии Лигаи чемпионҳои мавсими 2013/2014 роҳ ёфтанд.
«Фенербахче», «Лудогоретс», ПАОК, «Динамо» Загреб (Хорватия) ва «Легия» (Лаҳистон) дар Лигаи Аврупо ҳунарнамоӣ мекунанд.
Қуръапартоии ҳардуи ин даврҳо ҷумъаи 30-юми август баргузор мешавад.