Аз комбинати масолеҳи сохтмонии воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе лавозимотҳои ҷангӣ ба миқдори зиёд дарёфт ва мусодира карда шуд.
Тавре ба « Озодагон» аз ВКД хабар доданд, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ аз қаламрави ин муассиса, 18-адад норинҷаки тамғаи «РГД-5», 11-адад норинҷаки тамғаи «Ф-1», 13-дона тири «БМП», 4-дона тири «БТР» мусодира карда шуд.
Ҳамчунин манбаъ қайд кард, ки дар вақти корҳои ҷустуҷӯй боз 4-адад тири подстволник, 1-адад снаряди норинҷакандоз, 1886-дона тири 5,45 мм., 2262-дона тири 7,62 мм., 23-дона тири пулемёти (КПВТ), 800-дона тири пулемёти «РПК», 2-адад лавозимотҳои ҷангии мина (корношоям) аз ҷониби кормандони раёсати корхои дохилии ҷумҳури дарёфт ва мусодира карда шуд.{jathumbnail off}