Боздиди президент аз хонаи як деҳқони оддӣ, ки хонаводааш муҳоҷир надорад
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корияш ба Ёвон аз хонаи як деҳқони оддии ноҳия дидан карда, аз аҳволи рӯзгораш пурсон шуд.
Ба иттилои манбаъ дар ҷамоати Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон президенти Тоҷикистон ба хонаи деҳқони асил Кароматулло Раҳматуллоев ташриф оварда, аз аҳволи рӯзгораш пурсон шуд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, зимни боздиди Эмомалӣ Раҳмон аён гардид, ки ин марди деҳқон роҳбари хоҷагии деҳқонии Алишер аст ва 4,7 га замин дар ихтиёр дорад: “Дар хоҷагӣ 5 бародару 5 хоҳар аз як хонавода, ки ҳама оила барпо кардаанд, бо фарзандону пайвандонашон кор мекунанд. Онҳо, асосан, бо кишти ғалладонаю полезӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ машғул буда, аз он ризқу рӯзӣ ҳосил мекунанд ва ҳеч яке ба муҳоҷирати корӣ намераванд.”
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури миёни Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли хонаводаи ин деҳқони асил сари дастурхон суҳбат сурат гирифтааст.
Хабари боздиди президент аз хонаи як деҳқони оддӣ дар ҳолест, ки таҳлилгарони тоҷик аз сохтакорию намоишкориҳои мақомоти маҳаллӣ зимни сафари раисиҷумҳур ба навоҳии кишвар борҳо шикоят кардаанд.