ICAO боз соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистонро санҷиш мекунад
ICAO, Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ то охири соли 2013 соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор медиҳад.
Тавре ба “Озодагон” аз маъмурияти авиатсионии Тоҷикистон хабар доданд, бо эҳтимоли қавӣ ин санҷишҳо моҳи октябр оғоз мешавад. “Маъмурияти авиатсионии Тоҷикистон барои санҷиши давлатии ИКАО ҳамаҷониба омодагӣ дида, ҷиҳати мутобиқ намудани қонунгузории авиатсияи гражданӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин барои ташкили шароити бехатарӣ дар фаъолияти авиатсияи граждании кишвар гуруҳи корӣ таъсис додааст. Ба танзим даровардани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон аз вазифаҳои аслии ин гуруҳи корӣ ба шумор меравад”,-афзуд манбаъ.
Дар робита барои расонидани ёрии фаннӣ ба раванди омодагиҳо ба санҷиши ICAO соли ҷорӣ намояндаҳои ташкилоти EASA (Созмони бехатарии авиатсионии аврупоӣ) ба Тоҷикистон омаданд: “Намояндаҳои EASA ҷиҳати мувофиқгардонии санадҳои меъёрии соҳаи авиатсияи ҷумҳурӣ семинару ҷаласаҳо гузаронида, барои бартараф сохтани камбудиҳо роҳнамо (дорожная карта) таҳия карданд”.
Манбаъ мегӯяд, “дар ҳолати ғайриқаноатбахш будани хулосаи санҷишгарони ICAO Тоҷикистон шомили “феҳрасти сиёҳ”-и Иттиҳоди Аврупо шуда, ҳавопаймоҳояш аз ҳаққи парвоз ба ҳарими ҳавоии ин кишварҳо маҳрум мешаванд”,-афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, дар панҷ соли қабл, моҳи июни соли 2008 низ ICAO соҳаи авиатсияи граждании кишварро мавриди санҷиш қарор дода, оид ба камбудиҳои ошкоршуда ба маъмурияти авиатсионии Тоҷикистон эродҳо пешниҳод намуд.