Мухлиси футбол баъди мағлуб шудани клуби дӯстоштааш даргузашт
Як мухлиси 56-солаи бошгоҳи футболи “Шахтер”-и Қарагандаи Казоқистон баъди аз тариқи телевизион тамошо кардани бозии ҷавобии тими дӯстдоштааш бо «Селтик»-и Шотландия ба ҳалокат расидааст.
Дар ин бозӣ «Шахтер» мағлуб шуда, аз идомаи рақобат дар Лигаи қаҳрамонҳо маҳрум шуд. Ба иттилои расида, ин мухлис ба бемории фишори хун мубтало будааст. Хешовандони ӯ ба табибон гуфтаанд, “баъди тамошои бозӣ маъюсу ғамгин шуда, саломатияш бад шуд”. То омадани мошини “Ёрии таъҷилӣ” мард аллакай ҷон додааст.
Бозии аввали “Шахтер”-“Селтик”, ки дар Қазоқистон баргузор шуд бо ҳисоби 2:0 ба манфиати футболбозони Қараганда анҷом ёфт. Аммо дар дидори ҷавобӣ «Селтик» ба дарвозаи ҳариф се гол зада, ба даври гуруҳии сабқати Лигаи қаҳрамонҳо роҳхат гирифт.