Афзалов: Бархе дар арафаи интихобот нооромӣ мехоҳанд
Ғайбулло Афзалов, раиси Хатлон ва узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз, 30-юми август дар ҷаласаи муштараки парлумон баромад карда, гузориш дод, ки вилояти Хатлон пурра барои дар сатҳи баланд, шаффофу демократӣ гузарондани интихоботи президентӣ омода аст.
Афзалов изҳори боварӣ намуд, ки мардуми Хатлон намунаи беҳтаринро нишон дода, дар интихоботи президентӣ фаъолона ширкат хоҳанд дошт.
Раиси Хатлон аз он ҳушдор дод, ки имрӯз, дар арафаи интихобот баъзе гуруҳ ва шахсиятҳо хостори ноором кардани вазъият дар Тоҷикистонанд ва мардумро ба зиракӣ даъват намуд.
Назира Ғаффурова, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ дар ҷаласаи муштараки парлумони кишвар баромад намуда, таъкид кард, ки дар гузашта интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун президент иштибоҳ набуд. Ӯ зикр кард, ки Эмомалӣ Раҳмон се ҳадаф, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбаси коммуникатсиониро маҳаки асосии фаъолияти қарор додааст, ки дар шароити Тоҷикистон хеле муҳим аст.