Ҳимояти Кабирӣ аз интихобот дар рӯзи Сарқонун ва интиқод аз фарҳанги сиёсӣ
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон имрӯз, 30-юми август дар ҷаласаи Маҷлиси Олии Тоҷикистон баромад карда, пешниҳод барои баргузории интихобот дар рӯзи 6-уми ноябрро пуштибонӣ намуд.
Кабирӣ, ки роҳбари калонтарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, бо таъкиди муҳиммияти интихобот изҳори боварӣ намуд, ки “Тоҷикистон таҷрибаи гузаронидани интихоботро дорад ва ман шакке надорам, ки он дар фазои озод баргузор хоҳад шуд.”
Аммо баробари ин Кабирӣ аз фарҳанги сиёсӣ ва риояи қонун дар гуфтугӯҳои байни гуруҳҳои сиёсӣ интиқод карда, афзуд, ки “ин сиёсат ба куҷо мебарад, гуфтан мушкил аст.”
Кабирӣ муҳим хонд, ки дар интихобот қонун риоя карда шавад: “Агар мо меъёрро риоя кунем интиқод намешавад. Имрӯз, ҳамкорони мо бештар аз раванди сулҳ зикр мекунанд. Назари ман ин аст, ки мо интихоботро бояд тавре гузаронем, ки фардо ба чашми якдигар нигоҳ карда тавонем. Кӯшиш кунем, ки тавассути шабакаҳои телевизион якдигарро танқид кунем, вале якдигаро таҳқир ва ё айбдор накунем.”
Кабирӣ бештар ба он таъкид намуд, ки тавассути расонаҳо аз як тараф зиёд душман натарошанд: “Ин Ватан моли ҳама аст, ҳама ҳақ доранд, дар ин ҷо зиндагӣ ва тиҷорат кунанд. Агар мо чунин зиндагӣ карда тавонем, касе моро ба низоъ кашида наметавонад.”