Ҳукумат 10-уми сентябрро низ рӯзи истироҳат эълон кард
Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки рӯзи истироҳат аз шанбеи 7-уми сентябр ба сешанбеи 10-уми сентябри соли 2013 гузаронда шавад.
Тибқи ин қарори ҳукумат мардуми Тоҷикистон дар ҷашни Истиқлол, ки 9-уми сентябр таҷлил мешавад, се рӯз, 8, 9 ва 10-уми сентябр истироҳат хоҳанд дошт.