Дар ноҳияи Тавилдара кадом амалиёти кормандони қудратӣ идома дорад?
Тибқи иттилои расида, дар ҷамоати «Чилдара»-и ноҳияи Тавилдара се тан аз фирориёни боздоштгоҳи муваққатии КДАМ ошкор шуда, амалиёти дастгиркунӣ алайҳи эшон идома дорад.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» як манбаъи наздик ба мақомоти интизомии водии Рашт, ки нахост номаш ифшо шавад, иттилоъ дод. Гуфтанист, барои дастгир ва безарар гардонидани гурезаҳои махсусан хавфнок аз кормандони шӯъбаҳои корҳои дохилаи минтақа теъдоде аз милисаву кормандони қудратӣ сафарбар шудаанд.Ҳамзамон, манбаъ гуфт, дар пайи ин амалиёт ду тан аз кормандони мақомоти ҳуқуқӣ Шашаев ва дигаре бо исми Фарҳод тир хӯрда, ба ҳалокат расидаанд. Гуфта мешавад, ҷузъу томҳо ва ниҳодҳои дигари амниятиву низомии мустақар дар минтақаи Рашту Тавилдара дар ҳолати омодабош барои рафтан ба маҳалли ҳодисаанд, аммо ин иттилоъро дар ВКД хабаргузории «Озодагон» дақиқ карда натавонист.
Ёдрас менамоем, шаби 22-юм ба 23-юми августи соли 2010 аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе фирори 25 маҳбус сурат гирифт, ки миёни онҳо панҷ шаҳрванди Русия, чор шаҳрванди Афғонистон, ду шаҳрванди Ӯзбакистон ва 14 шаҳрванди Тоҷикистон буданд. Дар ҷараёни ҷустуҷӯи маҳбусони фирорӣ ҳудуди 17 нафари онҳо боздошт ва чор тани эшон дар муқобила бо нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд.{jathumbnail off}