Боздошти ёрдамчии эҳтимолии террористи норвегӣ дар Лаҳистон
Дар Лаҳистон ёрдамчии эҳтимолии террористи норвежӣ- Андерс Беринг Брейвикро дастгир кардаанд.
Расонаҳои хабарӣ менависанд, бо ин иттиҳом сокини шаҳри Вротслав боздошт шудааст, ки молики онлайн-фурӯшгоҳ оид ба маводи кимиёвӣ дониста мешавад. Шахсияти ӯро алъон ошкор накардаанд. Танҳо ҳамин қадар гуфта мешавад, ки номбурда бо фурӯши маводи кимиёвӣ шабакаи бузургеро дар мамолики Скандинавия, аз ҷумла Норвегия ба роҳ мондааст. Муфаттишон муътақиданд, Брейвик маҳз аз ин нафар маводи зарурӣ барои тайёр намудани маводи мунфаҷира, ки баъдан аз тариқи он дар шаҳри Осло таркиш анҷом шуд, дарёфт кардааст.
Ёдовар мешавем, амали террористӣ дар Норвегия 22 июл ба вуқӯъ пайваст. Андерс Брейвик дар шаҳри Осло бомбро ба ҳаракат даровард ва баъдан бо либоси пулис ҷониби мардуми дар лагери ҳизби коргарии Норвегия ҷамъшуда тир холӣ кард. Дар натиҷаи ин ду амал дасти кам 97 кас кушта шудаанд.
Андерс Беринг Брейвик баъди боздошт гуфтааст, «Амалӣ кардани ин террор даҳшат буд, аммо зарурат дошт». Зимни бозпурсии пулис Брейвик гуфтааст, ки ҳадафи аслияш қатли нахуствазири собиқи Норвегия, хонум Гру Харл Брунтланн, ки «модари миллат»-аш меноманд, будааст. {jathumbnail off}