Боз як сокини пойтахт бо афюн ба даст афтод
Як сокини пойтахт бо маводи нашъадор боздошт гардид. Дар ин бора аз ВКД ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд.
Бино ба қавли сарчашмаи хабар Абдулҳомид Шарипови 54-сола, ки дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, хонаи 153 ба сар мебурд, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди тафтиш қарор гирифт. Аснои кофтукоб аз борхалтаи шахсии ӯ 3 килою 914 грамм маводи мухаддири навъи афюн дарёфту мусодира гардид. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтишот идома дорад.