Вуруди ду «Тигр» алайҳи ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ширкати саноати ҳарбии Русия 2 мошини зиреҳпӯши «Тигр»-ро харидорӣ кардааст.
Бино ба иттилои ВКД, мошинҳои зиреҳпӯши «Тигр» дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат намуда, далели ҳамкориҳои мутақобилан судманди Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия мебошанд.
Дарёфти ин мошинҳои низомӣ зимни як чорабинӣ дар Душанбе сурат гирифт, ки дар он муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Нурулло Орифов, сардорони раёсатҳо, намояндагони сафорати Русия дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намудаанд.