Президент “Шерони Хуросон”-ро таҳният гуфт
Тими миллии футболи Афғонистон – «Шерони Хуросон» барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ шуд.
Дар қисмати финалии сабқат, ки дар Катманду сурат гирифт, футболбозони афғон тими мунтахаби Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:0 шикаст доданд. Голҳоро дар дақиқаҳои 9 ва 62-юм Мустафо Азадзо ва Санҷар Аҳмадӣ вориди дарвозаи Ҳинд карданд.
Дар мусобиқаи гузашта дар соли 2011 тими Афғонистон аз мунтахаби Ҳинд бо ҳисоби бузурги 0:4 шикаст хӯрда буд.
Ҳомид Карзай, райисҷумҳури Афғонистон тавассути телефон бозигарони тими кишварашро табрик гуфтааст.