Роҳиби қуръонсӯзро ҳабс кардаанд
Терри Ҷонс, роҳиби амрикоиро бо иттиҳоми талоши сӯзонидани 3 ҳазор нусха Қуръони Карим боздошт кардаанд.
Бино ба иттилои РБК, роҳиб аз сӯи пулис дар дохили нақлиёти борбар дар шаҳри Малберри дастгир шудааст. Дохили боркаш нусхаҳои китоби муқаддаси мусалмонҳо олуба бо сузишвории керосин будааст. Ин роҳиб қасд дошт ба хотири солгарди амалиёти 11-уми сентябр Қуръон бисӯзад.
Пулиси Малберри гуфтааст, ки ба Терри Ҷонс ва ёвари ӯ бо иттиҳоми ҷиноят айб эълон шудааст, аммо нагуфтаанд, ки чӣ ҷинояте.
Гуфта мешавад, роҳибро ҳамчунин дар сохтани филми “Бегуноҳии мусалмон”, ки нисбат ба паёмбари акрам Муҳаммад (с) таҳвин шудааст, муттаҳам мекунанд. Ин филм дар ҷаҳони Ислом вокунишҳои зиёдеро ба бор овард ва як қатор кишварҳои ғарбӣ, назири Олмон ва Канада вуруди Ҷонс ба қаламравашонро манъ карданд.
Ҷонси роҳиб дар моҳи марти соли 2011 низ ҳамроҳ бо ибодаткунандаҳои калисояш нусхаҳои Қуръонро сухта буд.