Бобоназарова дар Фейсбук саҳифаи аслӣ кушод
Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) ба президентӣ, дар пайи пайдо шудани сафҳаи тақаллубияш дар шабакаи Фейсбук, имрӯз, 16-уми сентябр саҳифаи аслии худро кушодааст.
Ин дар ҳолест, ки саҳифае бо исми Ойниҳол Бобоназарова дар Фейсбук ду рӯзи пеш пайдо шуда, то кунун ҳудуди 200 дӯст пайдо кардааст. Дар ин саҳифа акси хонум Бобоназарова ва ҳамчунин номаи хонандагону хабару маводи марбут ба интихоботи президентии моҳи ноябр нашр шудаст.
Аммо Абдуқаюми Қаюмзод, сухангӯи номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, саҳифаи қаблиро тақаллубӣ хонда, аз корбарони Фейсбук хост ба матолиб, мавод, маълумот ва ҳар он чизе дигар, ки дар ин сафҳа дарҷ мешавад, бовар накунанд.
Дар саҳифаи “дурӯғин”-и Бобоназарова инчунин аз номи ӯ изҳороти Ҷунбиши Миллӣ беасос хонда шуда, гуфта шудааст, ки “шахси бовариноки ман одами наздики ман буда, дар давраи интихобот масъули кор бо рӯзноманигоронро ба дӯши худ гирифтааст”. Ҳарфҳое, ки ИНИТ онро бепоя мешуморад ва аз ҳамаи корбарон мехоҳад, аз "дӯстӣ" бо Ойниҳол Бобоназароваи дурӯғин дар Фейсбук худдорӣ кунанд.
Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки тақрибан се моҳ пештар барои интихоботи президентӣ ташкил ёфт, рӯзи даҳуми сентябр расман номзадии Ойниҳол Бобоназароваро эълон кард. Ба ин Иттиҳод Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва бархе аз шахсиятҳои маъруф ва созмонҳои иҷтимоӣ шомиланд. Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива+”, дар гузашта раҳбарии Бунёди Сорос дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ соли 1971 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар оғози солҳои навадум ба Ҳизби демократ мепайвандад. Аз соли 1996 то 2004 ба ҳайси мушовири намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) дар Тоҷикистон низ кор кардааст.