баргард
чоп кардан
Агар зан президент шавад, ба ҷои "Ҷаноби Олӣ" чӣ бигӯем?
Абдулазизи ВОСЕЪ
Дар шашумин интихоботи президентии 22 соли ахир ба ҳайси муддаии курсии президентӣ пешниҳод шудани як зан ин суолро халқ кардааст, ки дар сурати пирӯзӣ ӯро ба чӣ сифате ном хоҳанд бурд: Бонуи Олӣ, Саркорхонум ё Хотунбузург?
“Ҷаноби Олӣ” ахиран ба як сифати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфтааст. Ин ибора дар беш аз 10 соли ахир ба хуну пӯсти бештари мардум, махсусан мақомдорон, ҷой гирифт. Аз кормандони қаториву сатҳи раҳбарии боғчаи бачаҳо сар карда, то директори мактабу раиси ҷамоат ва ба ҳамин минвол бештари кормандони муассисаҳои давлатӣ ҳатман ин ибораро сари забон меоранд. Ҳарчанд, фурӯшандаҳои бозору ронандаҳои таксиву мусофиркаш низ зиёд онро такрор мекунанд, аммо он лаззатеро надорад, ки вазирҳо мегӯянд.
Як “Хуб шудаст, Ҷаноби Олӣ” гуфтани онҳо ба хироҷи як мамлакат меарзад. Ин ибораро агар бархе аз сари самимияту сидқ бигӯянд, нафароне низ ҳастанд, ки аз рӯи одати хушомадгӯӣ ин ибораро ба забон меоранд, ҳамчунин шахсоне ҳам ҳастанд, тарс онҳоро ба гуфтани ибораи фавқуззикр водор менамояд.
Дар мавриди бори аввал аз забони кӣ садо додани ибораи “Ҷаноби Олӣ” гуфтумонҳо зиёданд. Баъзеҳо мегӯянд, нахуст Мирзо Зиёев, мулаққаб ба Мирзо Ҷага, раҳбари собиқи вазорати ҳолатҳои фавқуллода онро дар нисбати президент баён кардааст. Аммо гурӯҳе ҳам аз Зайд Саидов, раҳбари пешини Вазорати саноат ном мебаранд. Ҳар чӣ ҳам ҳаст аввалӣ дар ҷараёни як амалиёт дар минтақаи Рашт ба таври мармуз кушта шуд, дувумиро бошад, дар анҷоми чандин ҷиноят муттаҳам дониставу ҳоло баррасии додгощияш пушти дарҳои баста дар СИЗО-и Душанбе мегузарад.
Дар ин баробар ҳадс зада мешавад, ки ибораи “Ҷаноби Олӣ” бозёфти Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбест. Аммо ҳолдонҳое низ аз марҳум Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди саршиноси тоҷик ном мебаранд.
Бо таваҷҷуҳ ба муҳимияти мавзӯъ, ки дар беш аз 10 сол хеле матраҳ ва ба ибораи серистеъмоли кормандони давлатӣ дар Тоҷикистон табдил шуд, месазад, ки дар борааш рисолаи докторӣ навишт. Ин мавзӯъро бояд олими ҷавоне, ки зодаи истиқлолият аст, зери раҳбарии яке аз бешумор профессорони тоҷик пажуҳиш кунад.
Тоҷикистон баъд аз суқути Шӯравӣ, ки он замон истифодаи калимаи “доҳӣ” дар нисбати Владимир Илич Ленин “муд” буд, панҷ интихоботи президентиро пушти сар кард. Ҳоло дар арафаи интихоботи шашум қарор дорем, аммо дар ҳеч интихоботҳои гузашта зане муддаии курсии президентӣ нашуда буд. Имсол, эътилофи аҳзоби сиёсии мухолиф ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳ ном дорад, эълон карданд, ки номзади ягонаи онҳо дар интихоботи 6-уми ноябр Ойниҳол Бобоназарова хоҳад буд. Бо ин ҳол ҳадс зада мешавад, ки шояд хонум Бобоназарова дар ин интихобот ягона ҷинси латиф набошад. Бархеҳо тахмин мезананд, шояд, Иттифоқи ҷавонон, ҳам ки ҳаққи пешниҳод кардани номзад ба мақоми президентиро дорад, дар анҷуманаш бонуеро ба сифати номзад ба президентӣ муаррифӣ кунад.
Аммо аҷиб ин ки агар рафту дар интихоботи қарибулвуқуъ бонуе ба мансаби президентӣ бирасад, ӯро чӣ хитоб мекунанд? Наход, ки Бонуи Олӣ ё Хонуми Олӣ?
Аз ҳоло аллакай номзади ИНИТ-ро бисёриҳо “МУАЛЛИМА” мегӯянд, аммо чун ин калимаро дар нисбати бисёриҳо истифода мекунанд (масалан, писарон дар бисёр ҳолат ба духтаре, ки ба гап дароварданиянд, “муаллима шинос намешай” мегӯянд), беҳтар аст, ки ба дунболи калимаву ибораҳои “обнорасида” биравем. Мо хеле фикр карда, чанд намунаро гирд овардем. То интихобот ҳоло фурсат ҳаст ва дар сурати ба ихтиёри ҷинси латиф қарор гирифтани курсии президентӣ мешавад сифати ягонаеро баргузид. Инак, он намунаҳо: Бонуи Олӣ, Саркорхонум, Хотунбузург ё Хотуни Бузург, Малика, Шаҳбону...
Ҳар чӣ ҳам бошад, бояд калима ё иборае, ки ҳамчун сифат нисбат ба президенти зан истифода мешавад, зебо, дилчасп ва талаффузаш равону сода бошад. Агар Шумо пешниҳоде доред, бифармоед!