ФФТ нагузошт, “Равшан”-и Кӯлоб бо "Истиқлол" бозӣ кунад
Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дастаи “Равшан”-и Кӯлобро барои “риоя накардани дастури баргузории мусобиқоти қаҳрамонӣ ва Ҷоми Тоҷикистон” аз ҳаққи иштирок дар даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2013 маҳрум ва 1000 сомонӣ ҷарима кард.
Дастаи “Равшан” рӯзи 18-уми сентябри соли ҷорӣ дар варзишгоҳи марказии Кӯлоб дар бозии ҷавобии даври 1\4-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буд. Аммо пас аз анҷоми ин бозӣ раҳбарияти бошгоҳи “Парвоз” ба ФФТ эътирози расмӣ навишт, ки гӯиё дар нимаи дувуми бозӣ бозигари 19-солаи “Равшан” Саидхони Амрохонро легионер Гершон Акуффо иваз кард ва ин мухолифи Дастури мусобиқот мебошад.
Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ин номаро мавриди таҳқиқ карор дода, рӯзи 20-уми сентябр гуфт, ки бозии “Равшан” бо “Парвоз” бохти техникӣ эътироф шуда, ин даста аз ҳаққи иштирок дар даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2013 маҳрум гардидааст. Дар ҳоле ки қарор буд, дар даври нимфинал “Равшан”-и Кӯлоб бо “Истиқлол”-и Душанбе, ки Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз бозигарони собиқи ин даста аст, рӯбарӯ мешуд. Ҳамакнун, дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров дар нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2013 бо “Истиқлол” рақобат хоҳад кард, ки бино ба пешбинии коршиносони соҳа роҳи пирӯзиро барои дувумӣ ҳамвор месозад.
Ёдовар мешавем, ахиран Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Дастури мусобиқоти қаҳрамонӣ ва Ҷоми Тоҷикистон тағйиру иловаҳо дароварда буд. Дар ин ҳуҷҷат омадааст, "аз нимаи дувуми мавсим ҳар як бошгоҳ вазифадор аст, ки дар ҳайати ибтидоии даста дар бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонӣ дар лигаҳои олӣ ва якум,Ҷоми Тоҷикистон як бозигари то 19-сола (соли таваллудаш на аз 1994 боло)-ро дохил намояд. Ҳамчунин ин бозигарро дар ҷараёни бозӣ танҳо бозигари синну соли 19-сола иваз карда метавонад. Дар мавриди вайрон кардани ин қоида ба бошгоҳ бохти техникӣ бо ҳисоби 0:3 дода мешавад”.