Дар Душанбе усули таълими шабона дар чор мактаби пойтахт роҳандозӣ мегардад.
Гулнора Бобоева, сардори раёсати маорифи шаҳр зимни як нишасти хабарӣ гуфт, айни замон масъалаи дар кадом мактабҳо ҷорӣ кардани ин навъи тадрис ҳалли худро ёфтааст. Барои таҳсили шабона мактабҳое интихоб гардидаанд, ки ҷойи нишасти зиёд доранд ва барои ҳозир шудан ба мактабҳои мазкур хизматрасонии воситаҳои нақлиёт хуб ба роҳ монда шудааст ва ин таълимгоҳҳо ҳамагӣ дар маркази шаҳр ҷойгир гардидаанд.
Гулнора Бобоева мегӯяд, феълан теъдоди онҳое, ки ба таҳсили шабона ниёз доранд, муайян карда мешавад ва вобаста ба ин омӯзгорон ба кор даъват хоҳанд шуд.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар мактабҳои шабона таҳсил ройгон буда, шаҳрвандони аз 16-сола то 50-сола ҳуқуқи таҳсил карданро доранд.{jathumbnail off}