Дар Узбакистон рӯзноманигорро ба "майдаавбошӣ" муттаҳам мекунанд
Дар Узбакистон Сергей Наумов, рузноманигори хабаргузории “fergana.ru”-ро ба иттиҳоми “майдаавбошӣ” ба муддати 12 шабонарӯз ҳабс карданд.
Ба гуфтаи ҳуқуқшиносони узбак, дар рафти мурофиаи судии Наумов аз тарафи айбдоркунандаи давлатӣ ва додрас ба қонуншиканиҳо роҳ дода шуда, онҳо ҳукм алайҳи рӯзноманигорро “фармоиш” аз боло медонанд. Бар асоси матни қарори додгоҳ, Сергей Наумов рӯзи 21-уми сенябр тахминан соатҳои 16:00, дар назди дорухонае дар кучаи ал-Хоразмӣ бо як зан, ки аз ӯ Д. Матякубова ном бурда шудааст, бархур мехурад. Дар натиҷа гӯиё рӯзноманигор ба тарафи ин зан ҳамла карда, ӯро дашном дода бошад.
Ин амал аз тарафи додгоҳи Урганҷи Узбакистон тибқи модаи 183-и Кодекси маъмурии ин кишвар ҳамчун вайрон намудани тартибот дониста шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Дуня Миятович, раҳбари бахши матбуотии САҲА аз бедарак шудани рӯзноманигори узбак нигаронӣ карда, ба таври расмӣ аз мақомоти Узбакистон талаб кард, то то ба ин қазия рушанӣ андозад.
Маврид ба зикр аст, ки Сергей Наумов рӯзи 21-уми сенябр аз тарафи кормандони пулис дар хонаи худ, воқеъ дар шаҳри Урганҷ боздошт шуда, то кунун беномунишон гардида буд. Ҳар чанд пайвандони ӯ ба мақомоти пулис муроҷиат кардаанд, вале кормандони пулис дар ин бора ибрози беиттилоӣ намудаанд.