Нахустин курсии як духтари мусалмон дар парлумони Олмон
Ҷамила Юсуф, як бонуи мусалмон дар интихоботи ахири парлумонии Олмон аз рӯи феҳрасти ҳизбӣ баранда шудааст.
Торнамои “Ал-РТВ” навиштааст, Ҷамила Юсуфи 35-сола нахустин бонуи мусалмонест, ки вориди парлумони Олмон мешавад.
Ба иттилои расонаҳо, Ҷамила Юсуфи турктабор дар Леверкузен таваллуд ёфта, ҳоло дар шаҳри Хаген ба сар мебарад. Ӯ узви ҳизби Иттиҳоди масеҳӣ-демократӣ будааст.
Интихоботи парлумонӣ дар Олмон 22-юми сентябри соли равон баргузор шуда, дар он 630 аъзои Бундестаг, парлумони федералии Олмон интихоб шуд.