Оқилов мавқеи Тоҷикистонро аз минбари СММ баён кард
Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи асанблеяи генералии Созмони милали муттаҳид бори дигар мавқеи кишварамонро дар умури истифодаи захоири об баён кардааст.
Тавре Радиои СММ, имрӯз, 26-уми сентябр хабар медиҳад, Оқилов аз ҷумла таъкид доштааст, соли 2013, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон, соли ҳамкориҳо дар соҳаи об эълон шудааст, имконияти хуб барои дарёфти роҳҳои идораи боадолатона, самаранок ва тарафайн муфиди захоири об аст.
Сарвазири Тоҷикистон таъминоти дастрасии дастаҷамъӣ, идораи муштараки захоири обро дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ зарур хондааст. Ӯ инчунин сармоягузорӣ, таъминоти технологияи сарфакунандаи об ва табодули иттилоъро миёни кишварҳо дар умури истифодаи захираҳои об муҳим арзёбӣ намудааст.