Саммити сарони кишварҳои чоргона дар Душанбе баргузор мегардад
Дар Душанбе мулоқоти вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба ҳамтои афғонаш доктор Залмай Расул, ки бо як сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, сурат пазируфт.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ин вазорат иттилоъ доданд, зимни сӯҳбат масоили вобаста ба густариши ҳамкориҳои байни ду кишвар, инчунин масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди баррасӣ қарор гирифт.Зимнан, Ҳамрохон Зарифӣ омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати дар сатҳи олӣ баргузор намудани вохӯрии сарони кишварҳои чоргонаи Афғонистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон иброз намуд.
Манбаъ афзуд, дар ҷараёни нишаст ҷонибҳо ҳамкориро дар соҳаи таълим, инчунин омӯзиши касбиву техникӣ ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои тахассусӣ барои хоҷагии халқи Афғонистон муҳим арзёбӣ намуданд.Тарафҳо масъалаи баргузор намудани панҷумин конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA V)-ро дар Душанбе дар таърихи 26-27 марти соли 2012 ҳамоҳанг намуда, иброз доштанд, ки барои анҷоми бомуваффақияти он тамоми саъю кӯшишро ба харҷ медиҳанд.Татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории дорои хислати минтақавӣ, аз қабили сохтмони роҳи оҳан, кашидани хати интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва лӯлаи газ аз Афғонистон ба Тоҷикистон мавриди таваҷҷӯҳи хосаи ҷонибҳо қарор дошт. Қайд гардид, ки ин лоиҳаҳо барои рушди иқтисоди ҳар ду кишвар муҳиманд, ҳамзамон ҷонибҳо аз анҷоми сохтмони хати интиқоли барқи 220-киловолтаи Сангтӯда-Пули Хумрӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.{jathumbnail off}