Вақте кӯҳшинос дар васфи санг достон эҷод мекунад…
Ахиран, дар Душанбе китоби саввуми Зурмаҳмад Ёров, Академики мардумии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши санг дар Сайёра» ба табъ расид.
Манзумаи мазкур эҷодиёти ду даҳсолаи ахири Ёровро дар бар гирифта, қабл аз ин ду асари дигари ӯ «Достони таърихи Сайёра» ва «Чакома ба Панҷу Ому» ба дасти алоқамандон расида буд. Асари тозаи Ёров, асосан дар бораи сангҳои Тоҷикистон, хусусияти ин маъодин ва сифоти онҳо ба таври назм қисса мекунад. Тибқи омори расмӣ 93 дарсади масоҳати кишварро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва ин омил ба муаллиф бетаъсир набудааст. Чун достон дар риштаи назм аст ва аз калимоти мушкилфаҳми геологӣ пурбор, муаллиф саъй кардааст таҳлили мухтасарро ҳамчун дебоча ба хонандаи ҳушманд пешниҳод намояд.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар ин манзума таърихи мухтасари коркарди санг аз замони қадим то имрӯз тавсиф шуда, миҷози ҳар кадоме аз он шарҳ дода шудааст. Ба қавли Ёров, чун садо одатан аз қалб берун мешавад ва пахш мегардад, сангҳо ҳам гӯё қалб ва садое доранд. «Роҳҳои аз дили санг берун шудани садоҳо мухталиф буда, бо тарзҳои гуногун ифода меёбанд. Аз чархасангҳои кӯҳистон, вулқонҳои зери обиву сатҳӣ, шаху дараҳои сангӣ овозҳое ба атроф паҳн мегардад…»
Зурмаҳмад Ёров ҳам зодаи кӯҳистони Ванҷ буда, аз аввалин хатмкунандагони факултаи геологияи УДТ ба номи Ленин (ҳоло ДМТ ) мебошад. Ӯ аз ҷумлаи нахустин заминшиносони шӯравист, ки солҳои 70-уми асри гузашта ба Афғонистон на ҳамчун мутарҷим, балки ба ҳайси мутахассис фиристода шуда, чандин муддат дар он ҷо кору фаъолият дошт. Бозёфт ва кашфи маъдани миси айнакӣ дар вулусволии Лугари Афғонистон бо исми ӯ тавъам аст. Пас аз бозгашт ба Ватан Зурмаҳмад Ёров дар бахши иктишофу истихроҷи маъодини Тоҷикистон кор карда, то ба симмати Сардори идораи геологияи СССР- «Экспедитсияи геологии Помир» расид. Барандаи ҷоизаҳои гуногуни шӯравӣ ва ҳукумати Тоҷикистон буда, бо нишону медалҳо сарфароз гардонида шудааст.