баргард
чоп кардан
Асрори 5 октябр. Зодрӯзи президент, туҳфаҳо ва Раҳмон Набиев
Абдулазизи ВОСЕЪ
5-уми октябр. 278-умин рӯзи сол. То охири сол 87 рӯзи дигар мемонад. Аслан ин сана ҳам монанди 4-уми октябр, 8-уми декабр ё 11-уми февралу ба ин монандҳо як рӯзи одӣ менамояд. Аммо оё дар асл чунин аст? Пас, чӣ ҳикмате дорад ин 5-уми октябр?
Шояд дар назари аввал ҳаводисе, ки дар Тоҷикистон ба ин сана рабт мегирад, тасодуфӣ намояд, аммо вақте жарфтар менигарем, ҳамаи он аз қабл тарҳрезишуда ва хуб санҷидашуда менамояд.
Дар ҳоли ҳозир муҳимтарин факт, ки ҳамаи дигар далелҳо ба он марбут мешаванд, зодрӯзи президенти кишвар аст. Ӯ 5-уми октябри соли 1952 дар шаҳраки Данғараи вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст. Соли 1992 раиси Шӯрои олӣ ва соли 1994 президенти Тоҷикистон интихоб шуд. Ҷаноби Раҳмон беш аз 21 сол аст, ки кишварро раҳбарӣ мекунад. Ӯ натанҳо раҳбари давлату ҳукумат, балки сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ ва раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ буда, боз дар як ниҳоди дигар мақоми президентро дорад. 3-юми апрели соли ҷорӣ ӯ бори дигар барои чор сол президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъин шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ин моҳ зодрӯз дорад. Ва вақте гап аз мавлуд меравад, ҳатман туҳфа пеши назар меояд. Ҳама гирифтани туҳфаро дӯст медорад. Мо аслан коре надорем, ки дар доираи хонаводагӣ ба президент кӣ ва чӣ туҳфае медиҳад. Аммо намешавад аз чанд туҳфае гузашт, ки оммавиянд.
Туҳфаи ҳамҳизбиён
Чоруми октябр Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳоким, ки бештари вазифаҳои давлатӣ ва курсиҳои парлумонро дар ихтиёр дорад, анҷумани пешазинтихоботӣ баргузор мекунад. Раҳбарии ин ҳизбро Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда дорад. Касе ҳам шак надорад, ки анҷуман якдилона Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мақоми президентӣ эълон мекунад. Аз ин дида, туҳфаи хубтаре метавонад бошад?
Туҳфаи Рустам
Панҷуми октябр дар варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ, ки ахиран тармим шуд, бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 баргузор мешавад. Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба тамошои ин бозӣ биравад. Аммо ин ба зодрӯзи ӯ чӣ дахл дорад? Барои Ҷоми Тоҷикистон тими “Истиқлол” ва як тими дигар қувваозмоӣ хоҳанд кард. Муассиси “Истиқлол” Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳур аст, ки ҳамчунин курсии президенти Федератсияи футболи кишварро дар ихтиёр дорад. Кӣ шубҳа дорад, ки ин рақобат бар нафъи “Истиқлол” тамом намешавад? Аз соҳиби ҷом шудани дастаи писар барои падар дида туҳфаи арзишмандтаре ҳаст?
Туҳфаи парлумон
Дар ин миён туҳфаҳое ҳастанд, ки куҳна намешаванд. Онҳоро туҳфаҳои ҷовидона ё таърихӣ мегӯянд. Чунин як туҳфа ба зодрӯзи президент Рӯзи забон аст. Ин туҳфаи вакилони парлумон ба Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Соли чорум аст, ки Рӯзи забони тоҷикӣ дар рӯзи мавлуди раисиҷумҳур ҷашн гирифта мешавад. Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, соли 2009 тарҳи нави Қонуни забонро тасвиб кард ва рӯзи Иди забонро аз 22-юми июл ба 5-уми октябр кӯчонд. Нахустин қонуни забони тоҷикӣ дар пайи пофишорӣ ва талошҳои рӯшанфикрони тоҷик 22-юми июли соли 1989, замоне, ки Иттиҳоди Шӯравӣ по бар ҷой буд, ба тасвиб расид. Аз Рӯзи забон дида туҳфаи гуворотаре ҳаст?
Шоу-бизнес чаро хомӯш аст?
Толибҷон Қурбонхонов, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки худро фанати аслии Владимир Путин медонад, яке аз се сурудашро, ки дар васфи ӯ хондааст ба зодрузи президенти Русия бахшидааст. “Юбилей муборак, ҷаноби президент” чунин аст, таронаи Қурбонхонов, ки мегӯяд, “Мавлуд муборак, ҷаноби президент. Муборак мегӯям, ҷаноби президент, Юбилей муборак, ҷаноби президент!”
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки шахспарастӣ дар Тоҷикистон ҷойгоҳи намоёне дорад ва ҳеч маҳфилу нишасте бидуни таърифу тавсифҳои болохонадори раҳбари кишвар оғозу анҷом намешавад, кайҳо мебоист таронае бахшида ба мавлуди ҷаноби Раҳмон расонаӣ мегардид. Аммо ҳарчанд дар кулбори шоу-бизнес сурудҳои мадҳу сано ва тавсифӣ нисбат ба президенти кишвар кам нест, аммо тавре гуфтем, махсус барои мавлуди ӯ касе тарона нахондааст. Вале эҳтимоли чунин як иттифоқ дар соли равон, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешаваду зимнан Эмомалӣ Раҳмон барои чорумин маротиба ҷиҳати ҳифзи курсияш вориди корзори интихоботӣ мешавад, хеле зиёд аст. Ногуфта намонад, ки 5-уми октябр ӯ 61-ро пур мекунад.
P.S.
Эмомалӣ Раҳмон ягона президенте нест, ки панҷуми октябр ба дунё омадааст. Ба ҷуз ӯ дар ин сана чор раисиҷумҳури дигар низ таваллуд шудаанд. 5-уми октябри соли 1829 Честер Алан Артур чашм ба олами ҳастӣ боз кардааст. Ӯ 21-умин президенти Амрико буда, аз соли 1881 то 1885 Иёлоти Муттаҳидаро раҳбарӣ кардааст.
Соли 1936 бошад, дар ин рӯз Ватслав Ҳавел, президенти собиқи Ҷумҳурии Чех ба дунё омадааст. Ҳавел охирин президенти Чехославакия (1989-1992) ва нахустин президенти Чехия (1993-2003) мебошад.
5-уми октябри соли 1976 бошад, Рамзан Қодиров ба дунё омадааст. Рамзан Аҳмадович аз соли 2007 ба ин сӯ раисиҷумҳури Чеченистон аст. Ва панҷуми октябри соли 1930 Раҳмон Набиев, раисиҷумҳури собиқи Тоҷикистон ҳам зода шудааст. Ӯ нахустин президенти бо роҳи интихобот ба қудрат расидаи Тоҷикистон аст, ки соли 1991 интихоб шуда, аммо баъд аз ҳамагӣ як сол, дар соли 1992 маҷбур шуд, курсиро тарк намояд.