Шикоят ва дархости Муҳиддин Кабирӣ аз Додгоҳи Қонуни асосӣ
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар номае бо имзои Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб аз қонуншиканиҳо вобаста ба интихоботии президентии 6-уми моҳи ноябри соли ҷорӣ ба Додгоҳи Қонуни асосӣ (Суди конститутсионӣ)-и кишвар шикоят бурдааст. ҲНИТ аз Додгоҳи Қонуни асосӣ хостааст, тибқи Қонун дар бораи интихоботи президентӣ ба ин ҳама қонуншиканиҳо расидагӣ кунад.
Дар ин номаи ҲНИТ омадааст, “талаботи зикршудаи моддаи 25-и Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” моҳиятан табъиз буда, ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон, аз ҷумла ихтиёрдорӣ аз ин ҳуқуқҳоро тавассути фаъолият дар ҳизбҳои сиёсӣ мамониат мекунад ва аз ин рӯ бархилофи муқаррароти моддаҳои 5-6, 10, 14, 24 ва 27-и Конститутсияи Тоҷикистон мебошад.”
Инчунин гуфта шудааст, дар баробари муқаррар намудани ҳуқуқи умумиву баробари интихоботи президент (қ.1 моддаи 65), Конститутсия дар мавриди дастгирии пешниҳоди номзад ба ин мансаб зарурати имзои ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагонро сарфи назар аз ҳама гуна фарқият миёнашон, аз ҷумла вобаста ба ҷойи зист, пешбинӣ намудааст. “Талаботи зикршудаи қисми дуюми моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муқаррароти марбутаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ ихтилоф дорад”,-таъкид шудааст дар идома.
ҲНИТ мегӯяд, қисми 2-и моддаи 28-и Конститутсияи Тоҷикистон иштироки ҳизбҳои сиёсиро дар ҳаёти сиёсӣ ва масъулияти онҳоро ҷиҳати мусоидат ба ифодаи иродаи халқ пешбинӣ намудааст: “Ин аст, ки талаботи мавриди назари Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуқуқҳои конститутсионии аъзову ҷонибдорони Ҳизби сиёсиро низ, бахусус онҳоеро, ки буду бошашон берун аз қаламрави мамлакат аст, маҳдуд месозад.”
Дар идома таъкид шудааст, “қисми дуюми моддаи 25-и Қонуни конститутсионии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз хусуси «пешниҳод намудани бланкаҳо бо имзои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президент, ки раисони ноҳияҳо, шаҳрҳо тасдиқ кардаанд, дар ҳолатҳое, ки дар ин Қонуни конститутсионӣ зикр ёфтаанд» ба моддаҳои 5-6, 10, 14, 24 ва 27-и Конститутсияи Тоҷикистон мухолифат дорад, яъне ғайриконститутсионист ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва ҳизбҳои сиёсиро вайрон мекунад.”
Раҳбарияти ҲНИТ афзудаанд, бар асоси моддаҳои 84 ва 89 Конститутсияи Тоҷикистон, моддаҳои 1, 14, 34, зербанди 7) моддаи 37 ва моддаи 40-и Қонуни конститутсионии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш доранд, қисми дуюми моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мазмун аз хусуси «пешниҳод намудани бланкаҳо бо имзои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президент, ки раисони ноҳияҳо, шаҳрҳо тасдиқ кардаанд, дар ҳолатҳое, ки дар ин Қонуни конститутсионӣ зикр ёфтаанд», ғайриконститутсионӣ дониста шавад.