Рӯзи ҷаҳонии табассум муборак!
Имрӯз, Рӯзи ҷаҳонии табассум (World Smile Day) аст. Ин ҷашн ғайрирасмист ва ҳамасола ҷумъаи аввали моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад.
Ин сана ба шарофати Харви Бэлл, рассоми амрикоӣ пайдо шудааст. Ӯ миёнаҳои садаи 20 дар ИМА ба сар бурдааст. Бэлл чандон наққоши муваффақ ва номдоре набуд, то замоне, ки намояндаҳои ширкати суғуртавии «State Mutual Life Assurance Company of America» аз вай хоҳиш мекунанд, то ягон рамзи ҷаззобу диқатҷалбкунандаеро фикр кунад, ки барои офаридани симои муаррификунандаи ширкат хизмат намояд.
Харви баъди як фурсати кӯтоҳ ба онҳо рамзчаеро пешниҳод мекунад, ки ҳоло бештари истифодабарандагони интернет аз ӯ «смайлик» ном мебаранд. Бале ӯ ба «State Mutual Life Assurance Company of America» симои зарди дар ҳоли табассумеро пешниҳод кард. Ин чиз дар соли 1963 иттифоқ афтод ва зуд хеле маъруф шуд. Ин рамз бо суръат маҳбуб шуд ва онро дар ҳама ҷо дидан мешуд: чӣ дар футболка ва маркаҳо.
Рӯзи ҷаҳонии табассум нахустин маротиба соли 1999 таҷлил шуд. Ба қавли рассом Харви Белл ин рӯз бояд ба чеҳраҳои кушода бахшида шавад. Шиори ин рӯз бо тоҷикӣ тақрибан чунин тарҷума мешавад: «Кори неке анҷом деҳ. Талош варз, то ҳадди аққал як нафар табассум кунад».
Рӯзи табассум муборак!!!