Хоҳиш ва талаби Раҳматилло Зоиров аз Эмомалӣ Раҳмон
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва роҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон, 4-уми октябр бо пахши як изҳорот пешниҳоди номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми президентӣ “инкор ва шикасти Сарқонун” номид.
Зоиров дар ин изҳороти худ гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон дигар ҳаққи номзад шудан ба мақоми президентиро надорад: “Хабар расид, ки худи Эмомалӣ Раҳмон дар ин Анҷуман иштирок надошт ва интихоби номзадии ӯ дар ғайбаш сурат гирифтааст, яъне ҳоло ин амали ғайриконститутсионӣ на аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, балки аз тарафи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон содир шуд. Бояд қайд намоям, ки тибқи қисми дуюми моддаи 42-и Қонуни асосии Тоҷикистон надонистани қонун ҷавобгарии ҳуқуқиро истисно намекунад. Қаблан номзадии Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи вакилони Иттифоқи ҷавонон ва инчунин, Федератсияҳои мустақили Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Аз рӯи иттилоъ то имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба ин пешниҳодҳо ҳам ризоияти худро надодааст.”
Бо зикри ин, Раҳматилло Зоиров ба Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, гуфтааст, “эҳтиромона хоҳиш ва талаб мекунам, тибқи моддаи 64-и Конститутсияи Тоҷикистон, яъне ҳамчун кафили Конститутсия ва он арзишҳое, ки дар ин модда зикр ёфтааст, ба амали зиддиконститутсионӣ ва ба шикаст ва инкори Конститутсия роҳ надиҳед!” Зоиров таъкид намудааст, вазифаи президентӣ аз Конститутсия, қонуният ва адолати иҷтимоӣ боло шуда наметавонад.
Муроҷиати Зоиров дар ҳолест, ки рӯзи 4-уми октябр беш аз ҳазор вакили Анҷумани 11-уми Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар Филармонияи давлатӣ, Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури кунунӣ ва раҳбари ин ҳизбро ба унвони номзади худ интихоб карданд. Аммо худи Эмомалӣ Раҳмон дар ин Анҷуман иштирок надошт ва интихоби номзадии ӯ дар ғайбаш сурат пазируфтааст.