Силсиласафари Нигинаву Нозия ва Ҷонибек ба Бадахшон
Ҷонибек Муродов, Нозияи Кароматулло ва Нигина Амонқулова, хонандаҳои попи тоҷик бо як сафари ҳунарӣ озими вилояти мухтори куҳистони Бадахшон шудаанд.
Ин ҳунарнамоӣ имрӯз, 8-уми октябр аз ноҳияи Дарвоз шурӯъ мешавад. 9-уми октябр дар ноҳияи Ванҷ ва 10-уми моҳи ҷорӣ дар маркази Бадахшони Куҳӣ - шаҳри Хоруғ консерт хоҳанд дод. Ҳунарнамоиҳо дар варзишгоҳҳои марказӣ баргузор мешавад.