Зимнан, райисҷумҳур аз ҳадис ёдовар шуда, муроҷиатномаи табрикотиашро идома додааст: « Дар ҳадисе аз қавли Паёмбари гиромӣ ба ин маъно ривоят шудааст, ки вақте инсон аз дунёи фонӣ дармегузарад, ҳамаи амалҳои вай қатъ мегарданд, ба ҷуз се амали ў, ки подош ва аҷри он баъд аз маргаш низ барояш мерасад. Аввал, садақаи ҷория, яъне корҳои хайре, ки инсон дар ҳаёти худ барои манфиати мардум анҷом дода бошад. Дуввум, донише, ки баъд аз худ гузоштааст ва мардум аз он баҳра баранд. Сеюм, фарзанди солеҳе, ки бо камоли хубӣ тарбият карда, ба воя расонидааст.
Райисҷумҳур ба соҳибкорону тоҷирон ишора карда гуфтааст, бахусус соҳибкорону тоҷиронро зарур аст, ки дар ин моҳи муборак дари хайру саховатро боз намуда, бо эҳтиром аз имоне, ки доранд, молу маҳсулоти худро ба бародарони мўъмин арзонтар пешниҳод намоянд ва ҷўёи савоб бошанд. Зеро дар ҳамаи корҳо ва хусусан дар тиҷорат, адлу инсоф ва сидқу вафо яке аз омилҳои асосии пешравии кор аст. Аз ҷониби дигар, маҳз дар адлу инсоф ва сидқу вафои тоҷир устувории имон ва эътиқоди ў ба арзишҳои исломӣ равшан мегардад. Дар ин робита Паёмбари акрам фармудаанд, ки «тоҷири ростгўи амонатнигоҳдор рўзи қиёмат ҳамроҳи паёмбарон, сиддиқон ва шаҳидон мебошад».
Дар фарҷоми табрикоти Раҳмон гуфта мешавад, ҳамватанони гиромӣ, аз Худованди таборак ва таоло, пеш аз ҳама, неъмати бебаҳои тинҷиву осоиштагӣ, ваҳдату таҳаммулпазирӣ, барору пешравӣ, комёбиҳо, дар кору зиндагиатон ризқу рўзии фаровон, дастурхони пурфайзу баракат, рўзгору хонаи обод ва ҷавонмардиву олиҳимматиро орзу менамоям. Моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони азиз!{jathumbnail off}