Дидори “Хайр” ва “Истиқлол”-ро Раҳмон Муртазоев доварӣ мекунад
Фардо, 3-юми ноябр дар доираи даври 19-уми мусобиқаи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ бо “Истиқлол”-и Душанбе қувваозмоӣ мекунад.
Кумитаи доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон доварии ин дидорро ба Раҳмон Муртазоев бовар кардааст.
Ҳамчунин фардо дар доираи даври 19-уми мусобиқаи Тоҷикистон оид ба футбол миёни тимҳои лигаи олӣ “Парвоз” бо “Равшан” дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и Бобоҷон Ғафуров (довар Диловаршоҳ Орзуев), “Регар-ТадАЗ» бо “Вахш” дар варзишгоҳи “Металлург”-и Турсунзода (довар Хуршед Дадобоев), ССКА «Помир» бо “Истаравшан” дар варзишгоҳи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон (довар Насрулло Кабиров) вориди рақобат мешаванд.
Оғози ҳамаи бозиҳо соати 14:00.