Маъракаи “Ҳаҷ 2013” дар Тоҷикистон анҷом ёфт
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯяд, рӯзи 3-юми ноябр охирин гуруҳи ҳоҷиёни тоҷик аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон баргаштанд.
Маҳмадюсуф Шодиев, котиби матбуотии фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “3 ноябр ҳавопаймои ширкати «Тоҷик Эйр» бо 175 нафар зиёраткунандагони охирини мавсими ҳаҷи имсола ба фурудгоҳи Душанбе нишаст. Ҳамин тариқ бозовардани ҳоҷиён, ки аз 19-уми октябр шурӯъ гардида буд, 3 ноябри соли 2013 анҷом ёфт”.
Ба иттилои манбаъ, интиқоли ҳоҷиён аз шаҳрҳои Мадинаи мунаввара ва Ҷидда ба Душанбе тариқи ҳавопаймоҳои ширкатҳои ватанӣ - «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» амалӣ гардид.
Маҳмадюсуф Шодиев афзуд, ки фурудгоҳи Душанбе зимни гусел ва қабули зиёратунандагон ба 24 парвоз, 4 ҳазору 691 мусофир ва 149 ҳазору 347 кг бағоҷ хизматрасонӣ кард.