Эълони "рӯзи хомӯшӣ" аз сӯи Кумисюни марказии интихобот
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) мегӯяд, сар аз субҳи 5 ноябр тарғибу ташвиқи номзадҳо ба мақоми президентӣ манъ буда, дар кишвар ба истилоҳ “рӯзи хомӯшӣ” ҳукмфармо хоҳад буд.
Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи КМИР, рӯзи 4 ноябр дар сӯҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Тоҷикистон тарғиби номзадҳо як шабонарӯз пеш аз оғози овоздиҳӣ бояд қатъ гардад. Додоев таъкид намуд, Кумисюни марказии интихобот риояи ин меъёрро назорат хоҳад кард ва ҳушдор дод, ки агар афроди алоҳида ин қоидаро вайрон кунанд, ҳатман муҷозот хоҳанд шуд.
Ин масъули КМИР дар идома гуфт, додани иттилоот дар бораи баргузории интихобот ва даъватҳо барои иштирок дар интихобот манъ нест. Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон 6 ноябр дар назар буда, баробари раисиҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмон барои дарёфти курсии президентӣ инчунин Толиббек Бухориев, Абдуҳалим Ғаффоров, Саидҷаъфар Исмонов, Исмоил Талбаков ва Олим Бобоев сабқат хоҳанд кард.
КМИР мегӯяд, баргузории интихоботи президенти Тоҷикистонро беш аз 500 нозири байналмилалӣ ва беш аз 100 намояндаи расонаҳои иттилоотии хориҷӣ мушоҳида хоҳанд кард. Ба иттилои КМИР маъракаи овоздиҳӣ санаи 6 ноябр соати 6-и субҳ оғоз гардида, соати 20:00 анҷом меёбад.