Видео: Чӣ гуна духтари президент аз "мағозаҳояш" ҳимоят мекунад
Дар саҳифаи Youtube навори видеоие ба намоиш гузошта шудааст, ки аксари бинандагон “қаҳрамон”-и онро Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон хондаанд.
Дар ин навор, ки ҳудуди 49 дақиқа давом мекунад, “қаҳрамон”-и он бидуни намоиши симо ва тағйири садояш ба кормандони андози Узбакистон, ки мехостанд, яке аз нуқтаҳои фурӯши чиптаро тафтиш намоянд, “ҳамла” мекунад.
Аксари бинандаҳо мегӯянд, ин “қаҳрамон”-и пасипардагӣ метавонад, танҳо духтари Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон бошад. Чун ба гуфтаи онҳо, нахустин бор суроғаи ин навор дар саҳифаи шахсии хонум Каримова дар Twitter пайдо шудааст ва аз сӯи дигар танҳо шахси ба мисли ӯ аз оилаи рақамаи 1-и Узбакистон қудрати ингуна бархурд бо мақомоти қудратиро дорад.
Сару садоҳо атрофи ҳимоят шудани маркази савдое аз сӯи Каримова дар ҳолест, ки ахиран яку якбора чаҳор шабакаи телевизионӣ марбут ба ӯ аз фаъолият боз монда, инчунин бархе аз ширкатҳои вобаста ба духтари раисиҷумҳури Узбакистон мавриди бозҷӯии мақомоти қудратии узбак қарор доранд. Хонум Каримова низ дар саҳифаҳои шахсияш дар Twitter ин овозаҳоро таъйид карда, иқдоми мақомоти қудрати кишварашро ғайриқонунӣ унвон кард ва раҳбарияти мақомоти амниятии Узбакистонро зери бори танқид қарор дода буд.