Ҳамлаи миллатгароёни рус ба муҳоҷири тоҷик дар қатори барқӣ
Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, бегоҳи 4-уми ноябр боз як ҷавони муҳоҷири тоҷик, ҳадафи ҳамлаи миллатгароёни рус қарор гирифт.
Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия, ба “Озодагон” гуфт, миллатгароёни рус дар истгоҳи Раменскои Маскав дар дохили қатораи барқӣ (электричка) ба Комил Файзов, муҳоҷири 37- солаи тоҷик ҳамла намуда, се маротиба бо корд задаанд: “Шоҳидони ин ҳамла ба мо гуфтаанд ки 5-6 ҷавони рус бо доду фарёдҳои миллатгароёна дохили қатора шуда ба ҷониби Комил рафта ӯро бо корд задаанд. Баъдан занҳои рус ин муҳоҷири тоҷикро аз дохили қатора берун бароварда, ба беморхона мебаранд.”
Иззат Амон мегӯяд, ин муҳоҷири тоҷик шӯъбаи эҳёгарӣ (реанимация) қарор дошта, вазъи саломатияш вазнин арзёбӣ мешавад. Раиси Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон мегӯяд, дар Русия вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Дар ҳамин ҳол Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” гуфт, ки вазъ дар Маскав ором буда, аз ҷониби шаҳрвандони тоҷик ягон муроҷиате ба онҳо нарасидааст: “Бо назардошти он, ки се рӯз дар Русия истироҳат буд, бисёре аз корхонаҳову ширкатҳо таътил доштанд. Дар ин миён, шаҳрвандони мо низ таътил доштанд ва аксарият бо назардошти вазъият ва роҳпаймоиҳои "Русский марш" аз гаштугузори беҳуда дар кӯчаву хиёбонҳо худдорӣ намуданд”.