Обуҳавосанҷон: Рӯзи интихобот дар Тоҷикистон офтобӣ хоҳад буд
Обуҳавосанҷон мегӯянд, рӯзи интихоботи президентӣ, 6-уми ноябр, дар аксари навоҳии Тоҷикистон офтобӣ хоҳад буд.
Тавре сомонаи расмии Хадамоти ҳавосанҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шабона аз 7 то 9 ва рӯзона аз 10 то 12 дараҷа гарм хоҳад буд ва борон дар назар нест. Ба иттилои манбаъ 6-уми ноябр, ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғд аз 13 то 15 дараҷа гарм шуда, шамол дар як сония 9 – 14 метр мевазад.
Дар вилояти Хатлон ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои гарм дар назар буда, дар баъзе минтақаҳо борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шудааст: “Ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон 18 дараҷа ва дар ВМКБ 15 дараҷа гарм мешавад.”