Миллатгароёни рус "худӣ"-ро ба муҳоҷир монанд карда, лату кӯб карданд
Дар саҳифаи Youtube навори лату кӯби як сокини маҳаллии рус аз сӯи миллатгароён ба намоиш гузошта шудааст, ки боиси ба миён омадани баҳсҳои шадид миёни корбарони шабака гардид.
Ин навор, ки рӯзи 4 ноябр ба саҳифаи Youtube роҳ ёфтааст, аз лату кӯби як ҷавони рус аз ҷониби миллатгароён қисса мекунад. Дар он омадааст, ки чӣ тавр миллатгароёни рус ин ҷавонро ба шаҳрванди хориҷӣ монанд ва таъқиб карда, мавриди луту кӯби шадид қарор медиҳанд.
Аксари корбарони ин саҳифа аз афзоиши ин гуна ҳодисаҳо дар қаламрави Русия нигаронӣ карда, навиштаанд, ки ин бори аввал нест, як сокини маҳаллиро миллатгароён ба хориҷӣ монанд карда, лату кӯбаш менамоянд. Andrej Krav, яке аз корбарон менависад, соли 2012 миллатгароёни рус чаҳор сокини маҳаллиро ба шаҳрвандони хориҷӣ монанд карда, лату кӯб менамоянд, ки дар натиҷа се нафари латукӯбшудагон ба ҳалокат мерасанд.
Аз сӯи дигар Андрій К, корбари дигар мақомоти русро зери бори танқид қарор дода, навиштааст: “Русия, ки худ ба миллатгароёни олмонӣ ҳамла карда, ғолиб омад, имрӯз худ ба кишвари “миллатгароён” табдил ёфтааст.” Бояд гуфт, ҳамасола зиёда аз ҳазор тобути шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба ватан оварда мешавад, ки бисёрионҳо аз сӯи миллатгароёни рус ба қатл расонида мешаванд.