Президенти Туркманистон Ҳамрохон Зарифиро ба ҳузур мепазирад
Субҳи имрӯз вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо супориши Роҳбари давлат бо сафари кории дурӯза озими Туркманистон шуд.
Интизор меравад, дар шаҳри Ашқободи ин кишвар мулоқоти Зарифӣ бо президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов, муовинони раиси Девони вазирон Боймурод Хоҷамуҳаммедов (соҳаи нафту газ), Шагулиев Назаргулӣ (нақлиёт ва алоқа), Дерягелдӣ Оразов (энергетика ва сохтмон) ва Оразмурод Гурбанназаров (савдо ва саноати сабук) баргузор гардад.{jathumbnail off}