Табибони бемористони Қарияи Боло пойи Азиза Рӯзиева -- як маҷрӯҳи садамаи нақлиётӣ бо иштироки Расули Амонулло, писари раиси Роҳи оҳанро, ҷарроҳӣ карда ва гуфтаанд, ӯ наметавонад як сол роҳ гардад.
Баъд аз садамаи шаби 9 октябрдар маркази Душанбе барои бори дувум аст, ки Азиза ҷарроҳӣ мешавад. Худи ӯ дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҷарроҳии пояш рӯзи якуми ноябр анҷом шуда, баъд аз шунидани хабари он ки як сол роҳ гашта наметавонад, сахт ғамгин шудааст.
Азиза афзуд, рӯзи ҷумъаи 8 ноябр модараш ба назди Амонуллои Ҳукуматулло, раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон, рафтааст, то ин масъаларо бо ӯ дар миён гузорад, аммо муваффақ нашудааст: "Пойҳоям кор намекунанд. Ҷойҳое, зарб хӯрдаанду шикастаанд, сахт дард доранд. 1 ноябр ҷарроҳӣ карда, дар кос оҳан монданд ва духтурон мегӯянд, баъд аз як сол оҳанро мегирем. То як сол маро кӣ нигоҳубин мекарда бошад? Модарам бояд кор кунад, пеш ман кор карда оилаамонро таъмин мекардам. Осон нест дар ҷойгаҳ хоб рафтан, боз ними баданат ҳаракат накунад. Пули ҷарроҳиро додан даркор, намедонем аз куҷо пайдо кунем. Чанд вақт аст, ягон нафар суроғамон намекунад. Худо ба ҳар кас инсоф диҳад."
Хабарнигори "Озодагон" имкон пайдо кард, дар бемористони Қарияи Боло бо Шокир Маҳкамов, маҷрӯҳи дигари ин садама, ки чанд муддат дар шӯъбаи эҳёгарӣ бистарӣ буда, ҳатто баъзе расонаҳо аз марги ӯ хабар дода буданд, дидор кард. Шокир гуфт, аз ҷароҳатҳои бардоштааст сахт азият мекашад ва қарор аст, рӯзи сешанбеи 12 ноябр ҷарроҳии севумашро аз сар гузаронад.