Сокинони шимоли Тоҷикистон як ҳафта бе барқ хоҳанд монд
Масъулони дафтари ширкати “Барқи тоҷик” дар вилояти Суғд мегӯянд, эҳтимол тӯли як ҳафта сокинони шимоли кишвар бидуни барқ монанд. Ин ҳолат, ба гуфтаи онҳо, аз 17 ноябр оғоз ёфта, то 24 идома хоҳад кард.
Мӯъмин Тошматов, сардори намояндагии “Барқи тоҷик” дар Суғд, сабаби ин ҳолатро ҳолатро чунин шарҳ дод: “Дар асоси нақшаи муштараки ширкати “Барқи тоҷик” ва ширкати чинӣ, аз санаи 17 ноябр муддати ҳафт рӯз дар хатти баландшиддати нерӯи барқи 500-киловатаи Ҷануб-Шимол корҳои таъмиру барқарорсозӣ бобати иваз намудани сутунпояи оҳанинни рақами 287 сурат мегирад.”
Вай дар идомаи суҳбат афзуд, дар шаҳрҳои саноатие, назири Қайроққум ва Чкалов, ки барқ доимӣ интиқол меёфт, маҳдудият низ ҷорӣ карда хоҳад шуд.