Тими Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷаҳонӣ дар Боку 12 медал гирифт
Якҳарбаи шарқӣ феълан дар Тоҷикистон хеле рушд кардааст.
Яке аз намудҳои ин шохаи варзиш «ню-фул контакт» ба ҳисоб меравад. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, чанде қабл дастпарварони ин ришта аз ҷумҳурии мо дар мусобиқоти ҷаҳонӣ, дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон бо гирифтани 5 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ мушарраф гардиданд.
Гуфта мешавад, дар чемпионати мазкур варзишгарони кишварҳои Озарбойҷон, Эрон, Афғонистон, Ҷопон, Туркия, Аморати муттаҳидаи Араб ва ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Хайати намояндагони Тоҷикистонро варзишгарон дар се синну сол ташкил медод. Барандагони медали тилло Ибод Нурхонов дар вазни 35 кг, Носеҳҷони Абдурофеъ дар вазни 25 кг, Сангалӣ Ҷалилов дар вазни 48 кг, Мустафо Давлатов дар вазни 57 кг ва Зулфалӣ Латифов дар вазни 67 кг ба ҳисоб мераванд.
Манбаъ ҳамчунин афзуд, Аслиддин Абдуллоев дар вазни 67 кг, Фарид Мирзошоев дар вазни озод ва Муҳаммад Лолаев дар вазни 23 кило медалҳои нуқра ба даст оварданд. Мақоми сеюм ва ҷоизадорони медали нуқра бошанд, Абубакр Қосимов дар вазни 42 кг, Билол Насруллоев дар вазни 30 кг, Ҷахонгир Асадов дар вазни 40 кг ва Иброҳим Қурбонов дар вазни 20 кило шинохта шуданд.{jathumbnail off}