Забту мусодираи 1 кило ҳероин дар шимоли Тоҷикистон
Аз РКД-и вилояти Суғд ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» иттилоъ доданд, ки сокини маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир гардидааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз борхалатаи дастии З.Т- и 21-сола маводи зардранги бӯи махсусдошта дарёфт ва мусодира карда шудааст. Мувофиқи маълумоти шӯъбаи ташхиси криминалӣ ин мавод ҳероин буда, вазнаш 1 килову 35 грамро ташкил додааст.
Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор оғоз гардида, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}