Оқилов аз Ли Банк Шу хост дар таъмини Душанбе бо гармӣ шитоб кунад
Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон, дар мулоқот бо мудири кулли ширкати ТВЕА-и Чин, Ли Банк Шу масъалаи сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2-ро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Зимни мулоқот таъкид шудааст, ки то имрўз сохтмони дегхонаи якум, лўлаҳои дудбарор ва иншоти сардкунандаи об ба анҷом расидаанд.
Оқил Оқилов аз роҳбарияти ширкати чинӣ даъват ба амал овардааст, ки барои анҷоми сохтмони иншооти тақсимоти гармӣ ва оғози сохтмони лўлаҳои интиқоли гармӣ дар кўтоҳтарин фурсат мусоидат намоянд. Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур дода буд, ки бунёди марҳилаи аввали ин маркази гарму барқдиҳӣ то оғози фасли сармо ба анҷом расад.
Маркази гарму барқдиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 100 МВт дар ду навбат бунёд гардида, фаъолияти он аз тариқи истифодаи ангиштсанг дар назар аст. Дар доираи лоиҳаи мазкур сохтмони беш аз 3000 метр хатти интиқоли гармӣ ва хатти интиқоли барқи 220 кВ ба нақша гирифта шудааст.